-Янга, аз домулло хабардор бошед …

Ҷӯраҳои Аминҷон Шукӯҳӣ ба завҷаи он кас гуфтанд:

-Янга, аз домулло хабардор бошед.

-Чӣ шудааст?-пурсиданд он кас.

-“Мӯи тиллорангу чашмони кабуд” гуфта, домулло ғазалҳои ишқӣ менависанд, ба ким-кадом хонумҳо мебахшанд…

-Хайр, чӣ,-посух додаанд завҷаашон. -Ҳаққи қаламашро ба хона биёранд, шуд!

Абдумалик Баҳорӣ