Бо ҷавони зангире сӯҳбат доштам. Аз модараш шикоят карда гуфт:
– Модарам бароям арӯс ёфтасту мехоҳад маро хонадор кунад. Намедонам чӣ кор кунам
– Нагз ку, – гуфтам. – Тӯй мехӯрем.
– Ман мехоҳам арӯсро худам интихоб кунам. Модар маро маҷбур дорад, – гуфт норозиёна.
– Модарҳо дар интихоб хато намекунанд, -гуфтам ӯро дилпур карда. -Ба интихоби модарат розӣ шав.
– Масалан, арӯси шуморо кӣ интихоб кард, худатон ё модаратон, – якбора пурсид аз ман.
Оромона гуфтам:
– Якумашро модарам интихоб кард, дигарҳояшро худам.
Холиқназар Ҷумъазода