Таронаи булҳавас (“Шеъри лирикӣ” бо оҳанги “Хезугурез”)

ТАРОНАИ БУЛҲАВАС (“Шеъри лирикӣ” бо оҳанги “Хезугурез”)

зан 8 март рузи модарон ханда прикол
Аз маҷаллаи Хорпуштак

Ҳар ҷо ки равӣ, ман клиентат бошам,
Бинҳода ба рӯи каф патентат бошам.

Гар “Волга”-и ту ба зери борон монад,
То мондани борон брезентат бошам.

Дар Госстрах рафта началник гардӣ,
Анкетая пур карда, агентат бошам.

Дар ВУЗ таъин кунанд завкафедра,
Бигзашта зи санҷиш студентат бошам,

Ҷарроҳ шуда, гурда буридан хоҳӣ
Наркоз чашида, патсиентат бошам.

Ҳайкал бигузоранд ба ту ҳамчу герой,
Таҳкурсии пои монументат бошам.

Ҳар амр, ки медиҳӣ, ризоям, лекин,
Эй ёр, қимоб аз алиментат бошам.

Абдумалик Баҳорӣ