Танҳо дар мо … (аксар корҳои “тоҷикӣ”) #2

* Танҳо дар мо дар нишастгоҳи секасаи Хундай-старекс чор нафарро маҷбурӣ тела мекунанд.

* Танҳо дар мо Узбекистонро Ӯзбакистон меноманд.
Истад Раҷабов

* Танҳо узбакҳо моро тажк меноманд.
Хилватшо Хоҷаев

* Танҳо дар мо шаробро бо палов менӯшанд.
Сармаддил Хикматёр

* Танҳо дар мо роҳи беалтернативаи пулакӣ аст.

* Танҳо дар мо домодҳои Ҷаноби олӣ ӯро беобру мекунанд.
Илҳоми Муҳаммадиброҳим

* Танҳо дар мо бо 20% баланд шудани маош, арзиши маҳсулот дар бозор 60% боло меравад.
Орзӯи Карим

* Танҳо дар мо бо доштани бузургтарин тамаддуни башарӣ қашоқтарин мардумон зиндагӣ мекунанд.
Сармаддил Ҳикматёр

* Танҳо дар мо падару модарон барои аз устод баҳо гирифтан ба фарзандонашон пул медиҳанд.

* Танҳо дар Тоҷикистон мурдаро зинда навишта нафақапулияшро чанд сол мегиранд.

* Танҳо дар мо бо баробари афзудани қурби доллар нархи шири гов боло меравад.
Ислом Раҳимов