Танҳо дар мо … (аксар корҳои “тоҷикӣ”)

* Танҳо дар мо вақте мусофир «Ҳазор раҳмат» гуфта аз мусофиркаш берун мешавад, ронанда зуд аз дигар мусофирон мепурсад, ки «Ҳамин мардак роҳпулӣ дода буд»?

* Танҳо дар мо як тири дайду иртиботи телефониву интернетиро ба як вилояти калон комилан қатъ мекунад…

* Танҳо дар мо бо баҳонаи қиммат шудани бензин, роҳкирои троллейбусро боло мебаранд…

Аз «Facebook»-иён:

* Танҳо дар мо зери пои президент, ки аз майдони кишти пахта дидан мекунад, қолин меандозанд.
Маъмурият

* Танҳо дар мо хурду бузург якдигарро «к… оча» мегӯянд…

* Танҳо дар мо ҳамаи бадбахтиву сахтиҳоро таҳаммул мекунанд…

* Танҳо дар мо президентро шоҳ мегӯянд…

* Танҳо дар мо ҳақталоширо гуноҳ меҳисобанд.
Каюмарс Ато

* Танҳо дар мо аввал мегиранду баъд мегӯянд, ки мукин гирем…))

* Танҳо дар мо аввал медароянду баъд «мумкин дароям?» мегӯянд…

* Танҳо дар мо зораву тавалло карда чизе мепурсанду барои баргардонданаш худи Шуморо маҷбур мекунанд, ки зора карда аз пасашон давед.

* Танҳо дар мо ягон кори нохуберо анҷом дода, баъд аз пушаймонӣ «тақдир чунин будаст» мегӯянд… ))) Ё ки «кори шайтон мегӯянд»)))

* Танҳо дар мо минтақа нақши муҳим мебозад…
Сайфулло Салимов

* Танҳо дар мо донишҷӯён шаби пеш аз имтиҳон барвақт хоб мекунанд.

* Танҳо дар мо газетаро барои он мехаранд, ки себ печонанд.
Умаралии Сафаралӣ
* Танҳо дар мо газетаро барои он чоп мекунанд, ки супориши давлат аст.
Сармаддил Ҳикматёр

* Танҳо дар мо вақти Рамазон нарх боло меравад.

* Танҳо дар мо Озодӣ хамчун калима дар фарҳанг вуҷуд дорад.

* Танҳо дар мо рӯзнома барои печонидани «семичка» ба кор меравад.

* Танҳо дар мо «ГАИ»-ҳо ба ҷои он ки дар ҷои сермошин истода, ҳаракатро ба танзим дароранд, ҷои холиро мегиранду мошини бегуноҳро манъ мекунанд.