Шоире дар орзуи писар буд …

Шоире дар орзуи писар буд. Солҳо мегузашту ба мақсад намерасид. Ниҳоят баъди умедвориҳои тӯлонӣ Худо ба ӯ писар дод. Хешовандону шиносҳо ба табрикаш шитобиданд. Ҳоҷӣ Содиқ ба хонаи ӯ телефон карда, гуфтанд:

-Муборак бошад, ошно! Шодам, ки орзуятон ҷомаи амал пӯшидааст.

-Ташаккур!-ҷавоб додааст шоир. -Бо мадади дӯстон…

-Чӣ?

-Э мебахшед, бо дуои дӯстон янгаатон писар таваллуд кард, муродамон ҳосил шуд.

Абдумалик Баҳорӣ