Шеъри ҳаҷвӣ дар бораи COVID – коронавирус

Шеъри ҳаҷвӣ дар бораи COVID - коронавирус

Соли Нуздаҳум,
Ба мисли каждум,
Дар рӯи замин,
Душмани бадкин–

Вируси COVID ,
Мурдору палид,
Вируси “Тоҷдор”,
Ғаними маккор,

Андар ин дунё
Гардида пайдо,
Ҳар гаҳ хурӯшад,
Ба бадӣ кӯшад.

Ҳар гуна COVID
Мешавад тавлид.
“Штамм”ҳои он
Мисли”Омикрон”,

Ба хурду калон
Расонад зиён.
Ба аҳли башар
Оварад хатар.

Ҳимоя аз ин
Бошад КАРАНТИН.
Анти Септик ҳам
Зарур аст ҳар дам.

Бе НИҚОБ ҳар ҷо
Наравем асло.
Бо мардум доим
Масофа лозим.

Барои ҳаёт–
ВАКСИНА наҷот.
Дар хона монед,
Саломат бошед!

Нормаҳмат Набизода,
тарғибгари мактаби рақами 47-и ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.