Шеъри хачви барои шаробнуш

Дар мазамати майзада

Як мушт бизад арақ ба рухсораи ақл,
Садпора намуда қалби садпораи ақл.
Гуфто:”Зи азал ҷодаи мо бо ҳам нест,
Дурӣ зи маю мастӣ бувад чораи ақл.

Нӯшию нагӯӣ, ки туро коре ҳаст,
Шаш бача ба хона, ёри ғамхоре ҳаст.
Нӯшида ба номардӣ зани даст мудом,
Чун хор туро ҳазор озоре ҳаст.


Адирмуҳаммад Зафарзода (Аз шабакаи Садои тоҷик)