Шеърҳои кутоҳи ҳаҷвӣ #1

Акнун дар барчаспи “Шеърҳои кутоҳи ҳавҷӣ” шумо шеърҳои ҳаҷвии кутоҳ, дубайтиву рубоии хандаовартарину зарифро метавонед хонед >>

Нақлиёти ҷамъиятӣ
Нақлиёти ҷамъиятӣ (Аз маҷаллаи Хорпуштак)

БЕПУЛ

Бепул суханат самар надорад,
Аз дарди ту кас хабар надорад.
Душвор бувад, асал фаровон,
Занбӯри асал шакар надорад

Дурбини Илҳом


Дипломаш сурху олӣ,
Хобида дар зери чанг.
“-Акнун чӣ чора тағо?”
Ӯ хомӯш аст, ин гаранг.

“-Ободонӣ чӣ гуна?”
“-Ободӣ албатта ҳаст!”
Наафтӣ акай раис,
Дар роҳи чуқуропаст.

“-Муҳтарам мусофирон!
Ана, автобус холӣ”
“-Одам болои одам?
Хизматрасонӣ олӣ!”

“-Меваҳо тару тоза,
Харед, ки кам мемонад”
Гӯ, ки болаззат ҳастанд?
“-Инро Худо медонад

“-Ба кор мегиред раис?”
Посух бо ҳазор ишва
“-Албатта, ки бо пардохт
Фаррош оварад ришва.

“-Нозир, инсофат куҷост?”
“-Албатта ман инсонам
Нисфи ронандаҳоро
Аз ҷарима раҳонам! ”

“Озмуни мо шаффоф аст,
Бе ришваву бе пора!”
Ман аз шумо мепурсам,
“-Тағоятон чӣ кора?”

“-Ин чӣ гуна ҷарроҳӣ,
Чаро ман намехобам?”
“-Э, хомӯш исто бемор
Мағзи сарро мекобам!”

“-Кашмакашу моҷаро
Дашном асту озор аст.
Инҷо чӣ “Автовокзал”
Ё ки “Одамбозор” аст?!”

“-Ин доруҳои Шумо,
Ягон давое дорад?!”
“-Албатта, чаро ки не,
Аҷалро наздик орад!”

“-Мо-нозирони андоз
Ёвари соҳибкорон!”
Мегардем аз пайипул
Дар таги барфу борон

“-Мушкил ҳам басо тӯда,
Танқиду ҳаҷваш ҷувол
Баҳри баъзе сардорон
Вокуниш амри маҳол?!”

Амони Муҳаммад


 

 

Аз шабакаи Садои тоҷик