Шеърхои хачви – қиматии гушт, бензин, инсоф, барака

Шеърхои хачви - қиматии гушт, бензин, инсоф, барака

Якшанд шеъри ҳаҷвӣ аз сомонаи www.anekdoti.su

ГӮШТ
Барои оҳи фақру камбизоат,
Маро аз баҳри дидан офариданд.
Ба ин нархе, ки дорам, эй азизон
Пайи расме кашидан офариданд

БЕНЗИН⛽️
Аз чӣ газу ҳам бензин
Дар ҷумҳурӣ шуд камчин.
Тоҷирон шоду хурсанд,
Мошиндорон бас ғамгин.

ИНСОФ
Ман инсофаи, ман инсоф,
Бигрехтам бар кӯҳи Қоф.
Ҷойи худро наёфтам,
Дар забони беинсоф.

Комилҷон Бӯриев


БАРАКА ШУД ТАРАКА

Чаро дар бозор
Савдогар бисёр.
Чун моли ноёб
Деҳқон камдидор?

Қиммати чакка,
Мавизу макка.
То ба осмон
Мезанад дакка.

Нагӯям сухан
Аз мошу равған.
Зеро оҷиз аст
Қалам ба гуфтан.

Хайру барака
Кай шуд тарака?
Куҷо шуд инсоф?
Бозорком-ака?

Бобо Ҳоҷӣ