Шакарханд #5 — афандихои кутох

Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

Шакарханд #5 — афандихои кутох

-Ассалом. Мегӯянд ту оиладор шудӣ?
-Бале, зан гирифтам.
-Чӣ ҳоҷат буд?
-Аз хӯрокҳои ошхона дилбазан шудам.
-Ҳозир чӣ?
-Ҳозир маъқул шуданд.


Тақ-тақи дар.
– Кист?
– Устои тиреза.
– Лозим нест! Аллакай як усто омадагӣ, тирезаамонро мечаспонад.
– Ман ҳамонам, ғалтидам.


-Фарқи марди муҷаррад аз зандор дар чист?
-Муҷаррад ҳама корҳои хонаро худаш мекунад.
-Зандор чӣ?
-Зандорро занаш маҷбур мекунад, ки кор кунад.


Духтар:
-Безеб ҳам бошам, фақат дар сари раҳ як одам интизорам аст?
-Кист вай?
-Кондуктори нақлиёт!


-Оча, одам ҳам бенамак мешавад?
-Ҳа, бачам. Чаро пурсидӣ?
-Апаи Соҷида маро дида, “очаи ту бенамак аст” гуфт.
-Чӣ? Қабраша меканам. Аз шӯр будан, бенамак будан хубтар.


-Комилҷон, чанд фарзанд дорӣ?
-Худоро шукр, 12-то
-Душвор нест магар?
-Кори шаб-хандаи рӯз.


-Раис, дар умратон чанд маротиба гиря кардаед?
-Як маротиба. Вақте, ки рақамҳои телефони қарздоронро гум кардам…