Латифа, афанди точики 2022, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ
— Боз маст шуда омадед?
— Не, кӣ гуфт?
— Чашмонатон.
— Ту худат мастӣ. Кай дидӣ, ки чашм гап зада бошад?!
🤣 🤣 🤣
Сӯҳбати соҳибхона ва хостгорҳо:
— Духтарамон духтари хубу як нуқс дорад. Каме забонаш мегирад.
— Доим-мӣ?
— Не, фақат вақти гапзадан.
😂 😂 😂
Як шакарфурўш ба писараш васият кард:
— Вақте ки ман мурдам, ҳамин тарозуямонро ҳамроҳ ба зери хок мон.
— Барои чӣ?
— То ки гуноҳамро бо ҳамин тарозу баркашанд.
😁 😁 😁
Баҳси зану шавҳар:
Зан:
– То шумора гирифтана, шайтона мегирифтам нағз буд!
Шавҳар:
– Никоҳи хешу таборӣ манъ аст.
😂 😂 😂
Бемор ба духтур:
– Духтурҷон, намедонам, ин хубиҳои шуморо чӣ тавр баргардонам.
Духтур:
– Агар нақд бошад, беҳтар.
😁 😁 😁
Аз Афандӣ пурсиданд:
— Чаро одамон ба ҳар тараф мераванд?
Афандӣ гуфт:
— Ҳамаи одамон агар ба як тараф нигоҳ карда раванд, як тарафи замин вазнин шуда, чаппа мешавад.
😄 😄 😄
Шахсе бо дўсте гуфт, ки:
— Маро чашм дард мекунад. Тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
— Маро порсол дандон дард мекард, баркандам.
Аз “Рисолаи дилкушо”-и Убайди Зоконӣ
😂 😂 😂
Зани Афандӣ ба ӯ гуфт:
— Шаби гузашта, дар хобам ба ман ангуштарини тилло тӯҳфа намудаӣ.
Афандӣ гуфт:
— Ту бо ман ҷанҷол накун, ман ҳар шаб, дар хобат ба ту тилло тӯҳфа мекунам.
🤣 🤣 🤣
Духтур:
— Фишоратон 160 ба 100 аст. Шумо бояд дигар кофею коняк нанӯшед.
Бемор:
— Хуб, фаҳмидам. Аз ин пас фақат чойу арақ менӯшам.
🤣 🤣 🤣
— Писарам, 7+4 чанд мешавад?
— Намедонам, мо ҳоло рақами 11-ро нагузаштаем.
😁😁😁
— Духтур, гӯшҳоям ҷирингос мезананд…
— Ҷавоб надиҳед, тамом!
🤣 🤣 🤣
Сӯҳбати дугонаҳо:
— Дугонаҷон, барои пагоҳ чӣ реҷаҳо дорӣ?
— Аввал, рафта айнак мехарам. Баъд…
— Чӣ баъд?
— Баъд мебинам.
😀 😀 😀
Аз ходиме, ки рӯзи душанбе бо чашмони сурх ба кор омад, роҳбар пурсид:
— Ҳа, чашмонат сурх, боз рӯзҳои шанбе-якшанбе нӯшидӣ?
Ходим:
— Не, пазмони кор шуда, бисёр гиристам.
😀 😀 😀
— Ҳусейнҷон, дар кадом моҳ 28 рӯз аст?
— Дар ҳамааш, муаллима.
🤣 🤣 🤣
Духтур ба бемор:
— Агар аз сигоркашӣ даст кашед, 20 сол зиёдтар умр мебинед.
Бемор:
— Ин тавр бошад, ман пас аз 80-солагӣ сигоркаширо мепартоям ва боз 20 сол умр мебинам.
🤣 🤣 🤣
— Духтурҷон, роҳе ҳаст, то умрам дароз шавад?
— Зан гир!
— Зан гирам умрам дароз мешавад?
— Не, дигар орзуи умри дароз намекунӣ!
🤣 🤣 🤣
— Дод аз дасти занҳо! Занам ҳама чизамро аз худ карду рафт!
— Ба хайр будааст. Зани ман ҳама чизамро аз худ карду намеравад!
😂 😂 😂
— Ҳа чӣ шуд, хомӯшӣ?
— Дирӯз бо ҳамкорон дар корхона ҳақиқат ҷустем, имрӯз кор меҷӯем.
😂 😂 😂
Муаллима:
— Аҳмадҷон, ту бештар ба суханони падарат гӯш медиҳӣ ё ба суханҳои модарат?
Аҳмад:
— Ба суханҳои модарам.
— Барои чӣ?
— Чунки бисёр гап мезанад.
😄 😄 😄
Муаллима:
— Аҳмадҷон, шишаи тирезаро кӣ шикаст?!
Аҳмад:
—Ман шикастам, лекин Фирдавс айбдор аст. Ман бо барф сари вайро дуруст ба нишон гирифтагӣ будам, вай бошад хам шуд.
😄 😄 😄
Муаллима:
— Аҳмадҷон, барои чӣ вазифаи хонагии туро модарат иҷро менамояд?!
— Чунки падарам вақт надорад.
😀 😀 😀
— Ба занатон дар Соли нав чӣ тӯҳфа мекунед?
— Чиптаи саёҳат ба Таиланд
— Ӯ чӣ?
— Рафтанаш худ як тӯҳфа аст!
🤣 🤣 🤣
Пагоҳии 1-уми январ духтур ба шуъбаи беморхонаи шаҳр даромада, беморонро муоина кард:
— Муродов ҳаст?
— Бале, ман ҳаминҷо!
— Фамилиятон?
🤣 🤣 🤣
Зан:
– Кӣ маро ба шумо тавсия карда буд?
Шавҳар:
– Намедонам, душманҳоям зиёд буданд.
😁 😁 😁
— Хушдомани ман баъди тӯй танҳо як бор ба хонаи мо омаду халос.
— Э дӯстам, аз ту хушбахттар одам набудааст, набошад.
— Ҳа, ҳамон омадагиш дигар нарафтааст!
🤣 🤣 🤣
— Аҳмадҷон, ту дар кадом кӯча зиндагӣ мекунӣ?
— Ман асосан дар кӯча сайр мекунам ва дар хона зиндагӣ мекунам.
😁 😁 😁
Хушдоман ба домодаш гуфт:
— Ту бо он марде, ки маро аз ғарқ шудан наҷот дода буд, вохӯрдӣ?
Домод:
— Бале, вай омада аз ман бахшиш пурсид!
🤣 🤣 🤣
— Чаро ин қадар барвақт хестӣ?
— Хобида-хобида монда шудам!
😆 😆 😆
Муаллима:
— Бачаҳо, кӣ мегӯяд, ки себҳоро аз шохи дарахт кай чидан лозим аст?
Аҳмад:
— Вақте, ки саги боғбон бастагӣ бошад.
🤣 🤣 🤣
Зан:
— Ту ҳамаи хешовандони маро бад мебинӣ!
Шавҳар:
— Дурӯғ нагӯ! Мисол, ман хушдомани туро аз хушдомани худам ҳам бисёртар дӯст медорам.
😆 😆 😆
Шахсе аз Мавлоно Азуиддин пурсид, ки:
— Яхи Султония сардтар аст, ё яхи Абҳар?
Гуфт:
— Саволи ту аз ҳар ду сардтар аст.
Аз “Рисолаи Дилкушо”-и Убайди Зоконӣ
😄 😄 😄
— Модарҷон, имрӯз дар автобус ба як занак ҷойи худамро додам, аммо нанишаст.
— Баъд чӣ кор кардӣ?
— Дубора ба зонуи падарам нишастам.
🤣 🤣 🤣
Муаллима ба хонанда:
— Номи панҷто ҳайвони хонагиро номбар кун.
Хонанда:
— Ду то саг, се то гурба.
😄 😄 😄
Аз рӯзномаи Овози Самарқанд (гирдоваранда Anekdoti.su/tj)
Дигар латифаҳои намакини кутоҳро инҷо хонед >> ШАКАРХАНД