Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

– Додо, акаам маро зад!
– Ту ҳам ҷавоб нагардондӣ?
– Гардондам, пеш аз заданаш.
Ҳайати омӯзгорон дар бораи тамоман ба дарс наомадани донишҷӯе гуфтугӯ мекарданд.
-Ӯ ба дарс намеояду чӣ тавр баҳо гузоштед
-Ба тариқи нася, вақте ки ба имтиҳонсупорӣ ояд, ҳисобу китоб мекунем.
Як нафар ба дӯсти худ фахр карда гуфт:
– Занам ба телефони «сотка» монанд аст.
– Чӣ хел?
– Ҳамин ки пулам тамом шуд, бо ман гап намезанад.
АЗОБИ САХТ
Зане ба шавҳараш гуфт:
-Дар ким-кадом як мамлакат ҷомашӯӣ кори мардон будааст.
-Ин тавр бошад, дар ҳамон ҷой ҳам азоби мардон сахт будааст.
МАҚОЛИ АҶИБ
-Мақоли аҷиб: “Шири гов дар даҳонаш”
-Чӣ ҷойи тааҷҷуб
-Ана, депутати интихобкардаи маро ҳам тамоми муваффақиятҳо дар даҳонаш аст.
Шахсе аз масҷид баромада дид, ки калушҳояш нестанд, ба худаш гуфт:
━ Ман кай рафтам, ки худам нафаҳмидам?
Ду маст таксӣ медоранд ва ба ронанда мегӯянд:
– Се касро то фалон ҷо ба чанд пул мебарӣ?
Ронанда:
– Ака, шумо ду кас-ку?
Маст:
– Чӣ, ту худат намерӣ?
— Оҳ, боз мехоҳам ба Порис равам.
— Шумо аввал ҳам рафтагӣ будед?
— Не, аввал ҳам хостагӣ будам!
Зани бисёр фарбеҳе дар кӯча мерафт. Як мотосиклсавор роҳи ӯро бурида гузашт. Занак фарёд кашид:
— Аз қафоям мегузаштӣ намешуд?!
Ронанда ҷавоб дод:
— Тарсидам, ки бензин намерасад.
— Ману рафиқаам 20 сол хушбахт зиндагӣ кардем.
— Баъд чӣ шуд?
— Баъд шинос шудем.
Аз Афандӣ пурсиданд:
— Оё мард метавонад хонумеро ду бор ба занӣ гирад?
Афанди гуфт: — кур асояшро як бор гум мекунад.
Як рӯз хирс 2 литр асалро дар таги хок пинҳон мекунад ва бо қоғаз “ Дар инҷо асал-пасал нест! ” -менависад,
Баъдан харгӯш омада, асалашро мехӯрад ва дар қоғаз “ Ин асалро харгӯш-паргӯш нахӯрдаст ” -менависад.
– Модар, ман дар чандсолагӣ метавонам берухсати ту аз хона берун бароям?
– Писарам, ҳоло падарат ҳам ба ин син нарасидааст.
Марде, ки дар ҳабсхона кор мекард ба дӯсташ гуфт:
— Хай, як тарафҳои мо гузар, нишаста меравӣ.
Дӯсташ ҷавоб дод:
— Нафасатро шамол барад! Ниятатро нағз кун!
🤣 🤣 🤣
Аз Мулло Латиф пурсиданд:
– Кадом хел роҳбар аз ҳама хуб аст?
– Ҳамон роҳбаре, ки мӯйи сараш рехтааст.
– Барои чӣ?
– Чунки ҳеҷ гоҳ “корам аз мӯйи сарам бисёр” гӯён баҳонаҷӯӣ намекунад.
🤣 🤣 🤣
Марде дар вақти ҷаноза аз Афандӣ пурсид:
— Мулло, дар вақти ҷаноза аз тарафи рости тобут будан дуруст аст ё дар тарафи чап?
Афандӣ ҷавоб дод:
— Дар кадом тарафи тобут, ки хоҳед бошед, фақат дар дарунаш набошед шуд.
🤣 🤣 🤣
— Мо хеле заҳрнок ҳастем?
— Ҳа, хеле! Заҳрамон ба марг мерасонад.
— Ин хел бошад, ман мемурдаям-дия?
— Барои чӣ?
— Забонамро газидам.
🤣 🤣 🤣
— Онҳо хеле боз боҳаманд?
— Кӣ?
— Қошҳоят?
😂 😂 😂
Сӯҳбати ду девона
— Таксичиро боб кардам.
— Чӣ хел боб кардӣ?
— Пулашро додаму савор нашуда гурехтам.
😆 😆 😆
Духтараке аз имтиҳон баромада ба ҳамсабақонаш гуфт:
— Натарсед, муаллим саволҳои душвор намедиҳад! Аз ман фақат рақами телефонамро пурсид, дуруст ҷавоб додам, 5 монд!
😆 😆 😆
Афандӣ савори хар аз кӯча мегузашт, ки ногаҳон аз хар уфтод.
Баъд атрофро нигоҳ карду гуфт:
— Ман худам фаромадагӣ будам.
Аз рӯзномаи Овози Самарқанд (гирдоваранда Anekdoti.su/tj)
Дигар латифаҳои намакини кутоҳро инҷо хонед >> ШАКАРХАНД