Шакарханд #6 — латифахои точики

Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

Шакарханд #6 — латифахои точики
Аз маҷаллаи Хорпуштак

-Ман ҳеҷ гоҳ зани ту барин одами хасис намешавам. Ангуштаринатро гир!
-Бахшиш, қуттичааш канӣ?


-Ана бин. Ту боз мегӯӣ, ки мардҳо занҳоро ҳурмат намекунанд! Худаш тар шуда, чатрро болои сари занаш қапида истодааст.
-Ҳа, аммо занаш чархи мошинро иваз дорад!


-Духтари хушрӯй, шинос намешавем?
-Дар куҷо дидӣ, ки кабӯтар бо гӯсфанд шинос шудааст?
-Ин хел бошад, ман паридам.


Имрӯз дар роҳ бо маъшуқаи шавҳарам вохӯрдам. Ҳарду гапзанон кардем. Баъд ҳар кас ба роҳи худаш рафт: вай ба беморхона, ман ба милисахона.


Барои он ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд шавад, хатмкунандагони ин соҳа бояд се сол устодони хешро табобат кунанд ё дар онҳо таҷриба гузаронанд.


ДАР АБТОБУС🚌
-Бародар, гиребони куртаамро сар диҳед.
-Чӣ, мефароед магар?


ДАР РЕСТОРАНИ ВОКЗАЛ🚈
-Гӯшти шӯрбо ин қадар сахт. Ду соат боз мехояму ҳазм намешавад.
-Баҳузур хоидан гиред, поезди Шумо се соат дер мемонад.


-Ман 15-сола, дӯстдоштаам 23 сола. Ба ман маслиҳат диҳед, ки ба вай чӣ туҳфа кунам?
-Кодекси ҷиноятӣ беҳтарин туҳфа аст.


-Чизе душвортар аз ёфтани ишқи ҳақиқӣ нест,-мегӯянд.
Шумо боре кор кофтаед?


ДАР РӮЗИ ИД🎉
-Занак, ид муборак!
-Мардак, чӣ туҳфа овардед?


ШИКОЯТ✒️
Сардоре ба занаш ҳасрат карда гуфт:
-Имрӯз дар маҷлиси истеҳсолӣ чунон бисёр гап задам, ки ҷоғҳочм ба дард даромаданд.
Зан гуфт:
-Вой бар ҳоли ман, ки тамоми рӯз гап зада, шикоят намекунам.


-Ман пои бузургонро ба занҷир🔗 меоварам!-лоф мезад дар куча Маҳмаддонохӯҷа. Баъд маълум шуд, ки вай дар боғи ҳайвонот филбонӣ 🐘 мекардааст.


Корманди БДА👮занеро, ки ҳангоми сурх🔴 будани чароғак🚦 роҳро мегузашт, нигоҳ дошта гуфт:
-Чаро қоидаро вайрон мекунед❓
-Э, ман надида мондам🕵️
-Чиро надидед?
-Шуморо💁

Аз маҷаллаи “Хорпуштак”