Шакарханд #4 — афанди точики

Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

Шакарханд #4 — афанди точики– Дада, очаам пеш хароб буд, акнун фарбеҳ шудааст.
– Писарам, ҳамаи занҳо ҳамин хеланд. То тӯяшон харобанд, то ки ба хонаи шавҳар даромадан барояшон осон бошад. Баъди тӯй фарбеҳ мешаванд, ки аз дар берун карданашон душвор шавад.


– Дада, ҳамон духтаратонро насиҳат кунед, ки дигар “Одноклассники” надарояд.
– Бачам, худат ба вай гӯй, вай маро дар “чёрный список” партофтааст.


– Дадаҷон, ба ман 10 сомонӣ диҳед, мегӯям, ки дар набудани шумо очаам бо кӣ хоб мекард!
– Ма! Бо кӣ хоб мерафт?
– Бо ман!


Ба пушт хоб наравед, ки ба шуш зарар дорад. Бо шикам хоб наравед, ки ба кори меъдаю рӯда халал мерасонед. Ба паҳлӯи чап хоб наравед, ки дилро зер мекунед. Ба паҳлӯи рост хоб наравед, ки ҷигарро зер мекунед. Ба шумо хоби хуш мехоҳем!


Дарро барои пеш кардани як занбӯри бечора кушодам, ки аз берун якчанд хомӯшак, ду пашша, лӯлизан, пулчинаки барқ, об ва партов даромаданд.


Духтар таъриф кард:
-Аз паси ман сад кас медавад!
Ба ӯ гуфтанд:
-Ҳа, ҳама вақт харидорҳо чизи арзонро дида ҷамъ мешаванд.