Афандиҳои тоҷикӣ — Шакарханд #12

— Чаро шумо беморонатонро саросема муолиҷа мекунед?
— Барои он, ки ман ним ставка кор мекунам.

😂 😂 😂

— Дӯстам, агар ба ҷои ман ба истгоҳ рафта хушдоманамро пешвоз гирӣ, ба ту 100 ҳазор сӯм медиҳам.
— Агар хушдоманат наояд-чӣ?
— Наояд? 300 ҳазор сӯм медиҳам!

😂 😂 😂

— Уф, носфурӯши мо мурдааст-дия.
— Хайр, шумо чӣ ғам мехӯред?
— О акнун, мо носа аз кӣ мегирем?
— Эҳ нодон, носкашҳо бошанд, носфурӯш ёфт мешавад.

😂 😂 😂

– Акрам, хавотир нашав, ҷарроҳӣ нағз мегузарад. Акрам, ҳамааш хуб мешавад.
– Духтур, номи ман Акрам нест.
– Медонам. Номи ман Акрам аст!

🤣 🤣 🤣

— Хуб, бигӯ, бубинам, зан гирифтӣ, ё ҳанӯз худат либосҳоятро мешӯӣ?
— Ҳар дуяш!