Латифаҳои намакин — Шакарханд #11

Латифа, афанди точики, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ, Зарофат


Рӯбардор кунам

Аз суҳбати ду рафиқ:
-Гӯш кун, ту вазифаи хонагии писаратро аз фанни риёзӣ иҷро кардӣ?
-Бале.
-Ба ман ҳам деҳ, рӯбардор кунам.


Худатон бедор кунед

Профессор:
-Рафиқ донишҷӯ, ҳамсояи хоби худро бедор кунед!
Донишҷӯ:
-Шумо ӯро хобондед, худатон бедораш кунед!


-Меҳрноз, чаро дирӯз ба мактаб наомадӣ?
-Ман ба муаллимаамон туҳфа кардам.
-Чӣ гуна туҳфа?
-Дирӯз муаллимаамон зодрӯз дошт, барои ҳамин хостам, ки аз ман истироҳат намояд.


Омӯзгори таърих аз толибилм мепурсад:
-Искандари Мақдунӣ кай вафот кард?
Толибилм дар ҷавоб:
-Магар вай мурд? Ман ҳатто аз бемор буданаш хабар надоштам!


Муаллима:
— Аҳмадҷон, барои чӣ вазифаи хонагии туро модарат иҷро менамояд?!
— Чунки падарам вақт надорад.