Афанди точики – Шакарханд #10

Латифа, афанди точики 2022, хандаовар, латифахои точики, афандихои точики, афанди тоҷики, латифаҳои тоҷикӣ

Афанди точики - Шакарханд #10
Аз маҷаллаи Хопуштак

Рӯзе Афандӣ шаҳодатномаи никоҳро аз назар мегузаронд. Занаш ҳайрон шуда пурсид:
— Мардак, аз ин чиро меҷӯӣ?
Афандӣ гуфт:
— Бинам-чӣ мӯҳлати амалкардаш то кай аст.

😂 😂 😂

— Занак, дар иди бонувон ба ту чӣ тӯҳфа кунам?
— Ҳмм, намедонам. Нағзакак фикр карданам даркор.
— Офарин, ман ба ту як сол мӯҳлат медиҳам. Бемалол фикр кардан гир.

😂 😂 😂

Марде хост шоири маъруфи турк Меҳмет Акиф Эрсойро масхара кунад:
— Ҷаноб, шумо молдухтур ҳастед?
Шоир ҷавоб дод:
— Бале, ягон ҷоятон дард мекунад?

🤣 🤣 🤣

— Падарат чандсола аст?
— Шашсола.
— Чи хел ин тавр шуданаш мумкин?
— Падарам баъди таваллуд шудани ман падар шудаанд.

😂 😂 😂

— Ҳа Аҳмад, глобус харидӣ?
— Ҳа, барои занам.
— Занат муаллим набуд-ку.
— Хай, дар даври ман як дунёро тамошо кунад гуфтам-дия.