Шайтон ҳамроҳ мешавад ….

Дар тарабхона нишаста, ош фармудам ва танҳо ба хӯрданаш шурӯъ кардам. Ин замон рафиқе пайдо шуд ва баъд аз салому алейк ӯ низ ба наздам нишаста, даст ба табақи ош бурда, гуфт:

-Биё ба ошхӯриат шарик шавам, ки “ба шахси танҳо шайтон ҳамроҳ мешавад” мегӯянд.

Хандидаму гуфтам:

-Мӯйсафедон мегуфтанд, ки “агар бе бисмиллоҳ ба хӯрдани таом оғоз кунӣ, шайтон ҳамроҳ мешавад”. Ин гап рост будааст. Хӯрокро бе бисмиллоҳ оғоз кардам, ки ту омадӣ.