Шеърхои хачвии ошики

Дугонахо, зан, духтар

Дар чашм сурма беҳаду дар рӯй упо задӣ,
Дар лаб ва дасту пои худ рангу ҳино задӣ.
Будӣ бало ба мӯи худ ранги ало задӣ,
Имшаб зи рангу бӯи ту хобам намебарад.

Дандонҳои сунъиро мондӣ ту рӯи миз,
Нохунаҳои сунъӣ чун чанголи шер тез.
Ҳар кас ки дид туро ниҳод пой ҷониби гурез,
Ду дидаам ба сӯи ту хобам намебарад!

Хуррок мекашӣ туву хобида дар барам,
Сих мезанад дилам зи тарс дард мекунад сарам.
Як чашм бар тирезаву як чашм бар дарам,
Имшаб зи тарси шӯи ту хобам намебарад.

Наҷибуллоҳ


Мехоҳад дилам

Деги андар ҷӯш мехоҳад дилам,
Гӯштаки харгӯш мехоҳад дилам.
Шишаи май, ёри зебо дар канор,
Бӯсаву оғӯш мехоҳад дилам.
Ҳар замоне айшу нӯши беҳисоб,
Манзари гулпӯш мехоҳад дилам,
Кайфи ман боло бигирад он замон,
Ҳамраҳи майнӯш мехоҳад дилам.

М. Сафарзода


Аз шабакаи Садои тоҷик