Самбуса – шеъри ҳаҷвӣ

зану шавҳар марду зан хурок
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”

Яке шахси зи захми меъда ранҷур,
Чунин дархост кард аз пешхизмат:

“Таоме баҳри ман бегӯшт оред,
Набидҳад меъдаамро то ки заҳмат”

Бигуфто пешхизмат бо тамаллуқ:
“Ман аз баҳри шумо хизматгузорам,

Таоме, ки надорад заррае гӯшт,
Бувад самбӯса, ҳозир мебиёрам!”

Мирзо Файзалӣ (маҷаллаи “Хорпуштак”)