Раиси нав (шеъри хачви дар бораи раис)

Раиси нав (шеъри хачви дар бораи раис)

Раиси нав (шеъри хачви дар бораи раис)
Аз маҷаллаи Хорпуштак

Телефонаш дар садо:
Ҷиринг-ҷирингу “Ало”

Бо ҳилае шуд сардор,
Худро тарошад серкор.

Хешу табораш оянд,
Ҷӯраҳо дар кушоянд.

Дар идора доимо,
Савлаташ хеле боло.

Феълу атвораш сабук.
Қаҳру ғазабаш тунук,

Бад бошад ҳам рафтораш,
Андешаву гуфтораш,

Аз он рӯзе, шуд сардор,
Дигар шуд мизони кор.

Касе ба ӯ нафорад,
Фармонашро барорад.

Даррав кунад сабукдӯш,
Фикрашро гӯяд ба рӯш:

“Таҷрибаи кам дорӣ,
Монеа ба ҳар корӣ,

Аз ҳамин соат ҷавоб,
Рафта кори дигар ёб”

Бегонаҳо шуд бадал,
Ҷояшон шуд аз маҳал.

Аҷаб давру даврон шуд,
Қадри доно нодон шуд

Аз ин кори маҳалбоз
Даҳони кас монад воз.

Фоҷиаи даври мост,
Мисли дарди бедавост!

Муродалӣ Собир