Шеъри ҳаҷвӣ – барои РАИС, “ШЕФ”, МАОШ, ХОНА :)

Шеъри ҳаҷвӣ барои раис ва шефҳо дар ин саҳифа оварда мешавад >>

Шеъри ҳаҷвӣ - барои РАИС, "ШЕФ", МАОШ, ХОНА :)

БАЛОИ ҶОНИ МО

Раиси мо балои ҷони мо шуд,
Ба дарди худписандӣ мубтало шуд.

Тамоман карда гум шарму ҳаёро,
Қабеҳалфозу аждариштиҳо шуд.

Ба чапдастону дуздон ҳамтабақ гашт,
Шабу рӯз аз пайи кайфу сафо шуд.

Дар илму маърифат мисли хари ланг,
Ба лофу ман-мани худ чун асо шуд.

Дар охир кафши ӯро пеш монданд,
Ҳама аз ин амал, оре ризо шуд.
😊😊😊

Б.Холис


МУАММОИ БОЗОР

Канӣ, бигӯ чиҳо шуд?
Нархи шакар гарон шуд.
Нархи маводи аввал
Мушкили одамон шуд.
Не инсофу диёнат
Не кори хайру ҳиммат,
Арзонӣ шуд муаммо,
Бозор ҳама чӣ қиммат.
Савдогари беинсоф
Парвои ин надорад.
Хоҳад, ки дег ҷӯшад,
Пул ба сараш биборад.

Мирзои Назар


МАОШ
Аз маошам тангае нест,
Меъдаи ман рӯза дорад.
Ин маоши кам, азизам,
Шодии якрӯза дорад.

ХОНА
Нархи хона бас гарон аст,
Хонаҷӯ оби равон аст.
Аз мусибат дар иҷора,
Ҳоли зори сад ҷавон аст.
😊😊😊

Дурбини Илҳом