Пул, эй пул (шеъри ҳаҷвӣ дар бораи пул)

Шарики шодиву ғамҳо, пул, эй пул,
Давои дардои ишкамҳо, пул, эй пул.
Дар ин сардию сармое, ки бо мост,
Ту ҷои миллион гармо, пул, эй пул.

Муяссар нест ҳар дам ёфтанҳот,
Хушам аз шеър доим бофтанҳот.
Ба Мирзою ба Шириншо намешад,
Ало долар, манам дар кофтанҳот.

Шудӣ имшаб ба хобам боз меҳмон,
Туро бигрифта ҷо додам ба кармон.
Саҳар бархостам бо савти мурғон,
Ба худ гуфтам: -Аҷаб хобест, Фарзон.

Фарзона Муродӣ