– Ором бош занак, боз натарсӣ …

Шавҳар ба занаш занг зада мегӯяд:

– Ором бош занак, боз натарсӣ. Ман аз зинапояҳои идора афтида, беҳуш шудам, Ҳамидабону маро ба беморхона овард. Ҳамин ҳоло ба ҳуш омадам, аммо эҳтимол дучори хунрезии мағзӣ шудаам.

Дасти чап ва пои ростам шикастааст, гарданам тоб хӯрдаву лабам чок ва пешониам кабуд шудааст.

Зан: Ҳой, боз Ҳамидабонуаш кист?