НОМА БА РИШВАХӮРОН
Гӯям сухане ба ришвахӯрон:
Ин ҷоҳу ҷалолатон “муборак”!
Бо он пули “пок”-у “беғаш”-и хеш,
Ин қасри “ҳалол”-атон “муборак”!
Гардида шаҳи саройи “ростӣ”,
Ин “зӯр”-у “маҷол”-атон муборак!
Пайваста қаторатон шавад беш,
Ин “рушд”-у “камол”-атон муборак!
Аллоҳ бидиҳад “ривоҷ”-и корро,
“Ин вусъати ҳолатон муборак”!
У.Аюбова
РАВҒАН🍶
Нархи ман вақте ки мегардад гарон,
Айб бояд ҷуст андар одамон.
Пойи инсофе берун аз роҳ шуд,
Нархи равған ҳам баланд аз моҳ шуд.
ОРД🍚
Мешавам мавриди нарх афзун ман,
Одамонро мекунам дилхун ман.
Оҳ, аз дасти касони нафсбад,
Нарх Лайлӣ гаштаю Маҷнун ман.
Комилҷон Бӯриев