Нимшӯхиву нимҷиддӣ аз нишастҳои матбуотӣ

Осоишгоҳ
Аз маҷаллаи Хорпуштак

Дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 21740 кӯдак кам таваллуд шуда будааст.
Аҷиб, занҳо ғами қаду қоматашонро хӯрда бошанд ё ғами шавҳарашонро?

Беш аз 20 ҳазор андозсупоранда ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ дода будааст. Аҷиб, худи кормандони кумита чӣ қадар ҳуқуқвайронкунӣ карда бошанд?

Кам не, ғам не 607 кило асалу 853 кило моҳии бесифат ошкор шуда будааст. Аҷиб, худи кормандони кумита чӣ қадар маҳсулотро “босифат” карда бошанд?

Беш аз 16 ҳазор соҳаи омӯзгориро хатм карда, бо ҷойи кор таъмин мешудаанд. Аҷиб, норасоии кадрҳо ба охир мерасида бошад ё он тамомнашаванда аст?

Шаҳрдорон, маорифчиён, табибон, заминсозон ва бонкдорон “пешсаф” будаанд. Аҷиб, худи кормандони агентӣ чӣ қадар ба коррупсия даст зада бошанд?

Нархгузории чиптаи ҳавопаймо аз хадамоти зиддиинҳисорӣ вобаста набудааст. Аҷиб, пас ширкатҳо таъбири “худам шоҳу табъам вазир”-ро ба кор мебаранд?

Иншоотҳои баланд боиси паст гардидани суръати интернет мегардидаанд. Аҷиб, пас агар манораи “Эйфел” бунёд кунем, тамоман беинтернет мемонем?

Эҳтимолан, арзиши истифодаи нерӯи барқ аз 22,66 дирам боло мерафтааст.
Аҷиб, ин дар ҳолест, ки ба қавле нозири барқ аз худи барқ бештар меояд.

Бахши кишоварзӣ ба 550 ҳазор тонна нурии минералӣ ниёз доштааст.
Аҷиб, ба умеди ҳамсоя нашуда, поруи маҳаллиро ба кор барем, беҳтар будагист?

Дар як рӯз 13 нишасти матбуотӣ баргузор карданро таърих дар ёд надорад. Аҷиб, шояд дар солҳои оянда ҳамаашро якҷоя баргузор кунанд?

Аз маҷаллаи Хорпуштак