Муҳтарам Рекламахон, Ту қатиқи ба ҳар ош (шеъри ҳаҷвӣ)

Муҳтарам Рекламахон, Ту қатиқи ба ҳар ош (шеъри ҳаҷвӣ)
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”

Муҳтарам Рекламахон,
Ту қатиқи ба ҳар ош
Вақти намоиш кунӣ,
Кайфи маро чошу пош.

Дар ойинаи нилгун
Оё реклама даркор?
-Ҳо, бале даркор, ако,
Бурд мекунем аз ин кор.

Аз осмони реклам
Пул мерезад чу борон,
Бо реклама пур шавад
Ҷайби телевизион.

Айни гарми намоиш
Рекламахон беибо
Дар ойинаи нилгун
Мегирад ҷои онро.

Як чиз аст аламовар:
Ба Россия ҳамеша
Тақлидҳо мекунем,
Усулаш карда пеша.

Ба ҳисси шарқии мо
Мувофиқ, номувофиқ?
Бо каллаи хуми худ
Намеандешем аниқ.

Шабонарӯз зӯран,
Бо хандаҳои бисёр
Чизи якпула созем
Ба завқи одамон бор.

Тамошобин саргаранг,
Риштаи диққаташ канд.
Оё илоҷе бувад
Ба ин кору ба ин фанд?

Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо (маҷаллаи “Хорпуштак”)