Мо шавҳара каппадуд кардем (шеъри ҳаҷвӣ аз забони бонуҳо) дар сомонаи www.anekdoti.su
Мӯи сари зарда муд кардем,
Мижгона тамом кабуд кардем.
Монандаи духтарони руссӣ,
Муд-гуфта, сигора дуд кардем.
Бе маслиҳати акову додар,
Ҳар кора ба диди худ кардем.
Аз ҷайбаки шӯ гирифта кам-кам,
Мо ҳамсара каппадуд кардем.
Молида ба рӯ хамираҳоро,
Худро ба дигар намуд кардем.
Ё пайравии азозили шум,
Ё пайравӣ бо ҷуҳуд кардем.
Гули Мурод Гулов (Аз шабакаи Садои тоҷик)