Марде маст шуда ба хона мебиёяд. Ҳамсараш дар ошхона машғули зарфшӯӣ буд. Мард ба рӯи миз сахт мушт зада дод мезанад:
-Хӯҷаини хона кӣ? Ман ё ту?
Зан бе ягон гапи зиёдатӣ тобаро гирифта, бо тамоми қувват ба сари ӯ мезанад. Мард беҳуш дар мобайни фарши ошхона меғалтад.
Дар ин ҳангом ҳамсоязан вориди хонаи онҳо шуда мепурсад:
– Ҳамсоя, барои чӣ мардакатон дар фарши хона хобидааст?
– Хӯҷаини хона аст. Куҷое, ки маъқул донад, ҳамон ҷо хоб мекунад.