Марде, ки аз дӯкони самбӯсапазӣ дирӯз самбӯса хӯрда буд, имрӯз барои бурдан самбӯса гирифт:
– Самбӯса маъқул шуда, имрӯз ба бачаҳоятон ҳам мебаред? – пурсид самбӯсапаз.
– Не, ба ҷӯраҳо. Муттаҳамҳо, ин қадар самбӯсаҳои шуморо таъриф карданд. Ҳоло барои ҳамонҳо самбӯса мебарам. Акнун онҳо ҳам хӯрда, як дарди ишкам шаванд.