Мантуҳои хоми мантухона бар ҷонам задаст (шеър)

Мантуҳои хоми мантухона бар ҷонам задаст,
Лабшикаста чойники чойхона бар ҷонам задаст.

Моли ҳарҷогир чун аз база меояд бурун,
Ростӣ, сӯрохи ин мушхона бар ҷонам задаст,

Чанд соат интизорӣ мекашӣ дар истгоҳ,
Гашти ин автобуси вайрона бар ҷонам задаст.

Шуд хушомадхӯҷа чун парвонаю сардор шамъ,
Дӯстон, рафтори ин “парвона” бар ҷонам задаст.

Ҳар куҷо тӯе шавад, май мешавад оби равон,
Ҷанги баъди шишаю паймона бар ҷонам задаст.

“Аз барои дӯстӣ” гӯянду маҷбурат кунанд,
Соқии шилқину ҳушёрхона бар ҷонам задаст.

Ту ҳамегӯӣ, ки “Бе камбудӣ коре ҳаст?” Нест!”
Гӯш додан бар чунин афсона бар ҷонам задаст.

Мирзо Файзалӣ