
ҲУСНИ ХАТ
— Ман ҳам духтур шавам, мешудааст.
— Чаро ин хел мегӯед?
— Ҳусни хатам бад, ҳеҷ кас онро хонда наметавонад.
— Ин ба духтурӣ чӣ муносибат дорад?
— Охир хати онҳо ҳам бад-ку. Як хатчаи маро ҳам бачаҳо ёфта, хонда натавонистаанд. Ретсепт гумон карда, ба дорухона баранд, як олам дору додаанд.
Бахтиёр Ҷумъа