Лутфи латиф — латифаҳои Абдумалик Баҳорӣ

Аз маҷаллаи “Хорпуштак”
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”

Адиб Зариф Ғулом ба ҳавлии Шоири халқӣ Мирзо Файзалӣ даромада узр мепурсад:
-Мебахшед, устод! Ман ба хонаи шумо бе даъват даромадам.
-Ҳеҷ ҷои узру бахшиш нест, Зарифҷон,-бо лаҳни ширин посух медиҳад соҳиби манзил. -Ҷӯгиҳо низ ҳар рӯз ба ҳавлии ман бе даъват медароянд.


Дар толори Иттифоқи нависандагон менишастем. Як донишҷӯ дарро нимроғ карда пурсид:
-Мебахшед, Ҷе.Икромиро диданам мумкин?
-Не,-писханд заданд Боқӣ,-Ҷе.Икромӣ ҳозир бо Фе.Ниёзӣ баромада рафтанд. Онҳо эҳтимол дар кабинети У.Раҷаб бошанд.


Як тарҷумон аз ходими нашриёт сахт хафа шуда, ба нависанда Ҳаким Карим шикоят кардааст:
-Ба ҳама корам эрод мегирад, сахт мерасад. Одами ниҳоят дағали беодоб аст. Дар ҳузури ходимонаш ба ман “номаъқулӣ накун” мегӯяд.
-Э (номаъқулӣ) кардан гиред, ба гапҳои вай эътибор надиҳед-гуфтаанд Ҳаким Карим.

✒️Абдумалик Баҳорӣ (Бознашр аз Маҷаллаи Хорпуштак)