Латифаҳои ТАРАБХОНА

Дугонахо, зан, духтар

Дар қаҳвахона. Марде аз фурӯшанда мепурсад:
-Як истакон қаҳва чанд аст?
-Як сомонӣ.
-Шакараш чанд пул меистад?
-Шакараш бепул…
-Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.

******************************************

Дар тарабхона. Пешхизмат:
-Хонум, шавҳаратон чаро зери миз пинҳон шуд?
-Ин шавҳарам не, ҳу анна он бузбала, ки аз назди дар инҷо омада истодааст шавҳарам аст…

******************************************

Мард ҳамроҳи завҷааш ба тарабхона мераванд. Пешхизмат назди онҳо меояд. Мард:
-Ба ман як шиша арақ.
-Ҷаноб, занатон чӣ менушад?
-Хуни маро.

******************************************

Амрикоӣ, фаронсавӣ ва тоҷик бо завҷаҳои худ дар тарабхонае хӯроки шом мехӯранд. Амрикоӣ ба занаш мегӯяд:
-Қандро ба ман деҳ қандаки ман. Ҳамсараш қуттии қандро ба шавҳараш дароз мекунад. Баъди чанд дақиқа фаронсавӣ ба завҷааш хитоб мекунад:
-Асалро ба ман деҳ асалаки ман. Зан косаи асалро назди ӯ мегузорад. Аз миён даҳ дақиқа мегузарад ва тоҷик бо қираи чашм занашро песонда:
-Гуштро ин сӯ биёр гови Худо…

*******************************************

Дар тарабхона сӯхтор мешавад. Ҳама бо як овоз:
-Об биёред, об, об…
Аз тирезаи ошёнаи дуюм гурҷие сар бароварда дод мезанад:
-Ба ҳуҷраи 30 бошад, як шиша шомпон!

*******************************************

Марде дар тарабхона бо ҷаҳл:
— Пешхизмат, дар пивои ман пашша афтидааст. Пешхизмат ба пашша нигариста:
— Ҳа, аблаҳча! Ахиран ба дастам афтодӣ!

*******************************************

Марде дар тарабхонаи гурҷӣ таомнома дар даст аз пешхизмат мепурсад:
-Хӯроки аз ҳама гаронарзишатон кадом аст?
-Хамоне, ки баробараш нархномааш навишта нашудааст.
— Ин хел бошад, ба ман «хванчкарадзе» биёр.
— Бубахшед, ин насаби директории тарабхона аст.