Латифахои хандаовари точики – Шакарханд 15

Латифахои хандаовари точики. Латифахои бехтарин

Латифахои хандаовари точики - Шакарханд 15

— Дадеш, росташро гӯед, ман бе макияж хунук менамоям-мӣ?
— Занак, росташро гӯям, ту бо макияж ҳам хунук менамоӣ.

🤣 🤣 🤣

— Духтур, ба хона медароям гуфта – ба хонаи ҳамсоя медароям, ба ошхона медароям гуфта – ба оғилхона медароям. Худамро нағзакак табобат накунам намешавад аз афташ.
— Ҳа, нағзакак, табобат карданатон лозим. Зеро ин ҷо шифохона не, бонк аст!

🤣 🤣 🤣

Зану шавҳар филми даҳшатнок медиданд. Зан бо дидани махлуқе аз кино, “Вой, модарҷон!” – гуфта фарёд зад.
Мард гуфт:
– Бале, занак, модаратро хуб шинохтӣ.

🤣 🤣 🤣

— Ҳо ба вай занак нигар. Худоё, беист меллақад-е!
— Ин нағз-дия. Агар лаққида наистад, ба даҳонаш пашша медарояд.

Бахтиёри Ҷумъа

😂 😂 😂

— Духтарам, чаро домод ба ту маъқул нашуд?
— Модарҷон, ӯро надидаӣ магар? Мӯяш зап-зард аст!
— Чӣ зарар дорад? Бо ту 2 сол зиндагӣ кунад, хоҳ-нохоҳ мӯяш сап-сафед мешавад.

🤣 🤣 🤣

— Зан ҳам ба монанди телефон аст.
— Чӣ хел?
— Бепул монад, гап зада намешавад!

🤣 🤣 🤣

Аз Афандӣ пурсиданд:
— Моҳтоб манфиатноктар аст ё офтоб?
Гуфт:
— Албатта моҳтоб. Рӯз ҳама ҷо равшан аст, аз ин рӯ, ба офтоб ҳеҷ ҳоҷат нест!

😄 😄 😄

Духтаре аз писари дӯстдоштааш пурсид:
— Тӯйи мо дар кадом сана мешавад?
Писар ҷавоб дод:
— Дар 30-юми феврал.