Латифахои халки – Шакарханд 13

Осоишгоҳ
Аз маҷаллаи Хорпуштак

— Бечораро дар болои шутур кучук мегазад…
— Намегазад. Ин гапи дурӯғ!
— Барои чӣ?
— О ба бечораи камбағал шутур номаъқул мекунад?!

Бахтиёри Ҷумъа

😂 😂 😂

— Дод аз дасти забон!
— Гӯшатон дард мекунаду чаро аз дасти забон менолед?
— Чунки аз ҷабри забон гӯш бисёр гап шунида, зуд кар мешавад-дия!

Бахтиёри Ҷумъа

😂 😂 😂

Аз Афандӣ пурсиданд:
— Оё мард метавонад хонумеро ду бор ба занӣ гирад?
Афанди гуфт:
— Кӯр асояшро як бор гум мекунад.

🤣 🤣 🤣

Донишҷӯ дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:
— Натарсида кашидан гир, имтиҳон ҳам чун лотерея аст.
Донишҷӯ гуфт:
— Набошад, ман билет нею якбора баҳо кашида гирам-чӣ?

🤣 🤣 🤣

Ба маҳбасхонае комиссия рафт. Дид, ки ҳама дарҳо кушода, вале маҳбусе намегурезад. Аз посбон пурсид:
— Чаро дарҳои маҳбасхона кушодаву маҳбусон намегурезанд?
Гуфт:
— Дар ин ҷо вай-фай бепул аст.

🤣 🤣 🤣

Кӯдакони боғчаро бар зидди беморие эм карданд. Писарбачае пахтаи спиртиро бӯй кашидан гирифт.⠀
— Чаро ин тавр мекунӣ? — пурсид дигараш. Гуфт:⠀
— Аз ин бӯи падарам меояд.a