Латифаҳо аз Абдумалик Баҳорӣ #2

Дар курс-конфронси навбатӣ домулло Раҳимӣ аз як адиби навқалам пурсиданд:

-Шумо, писари нағз, носир ё нозим?

Нависандаи ҷавон чобукона аз ҷояш бархоста гуфт:

-Ман Набиҷон Қӯчқоров, муаллим.


Мирсаид Миршакар рӯзе ба идораи “Садои Шарқ” омада гуфт:

-Ҳозир бо радио порча аз поэмаи “Панҷи ноором”-ро қироат кардаму он ҷо Мустафо Шарқиро дидам. Вай бечораро ба вазифаи паст гузаронидаанду касал шудааст. Тазоди зиндагиро бинед, ки вай пеш дусад сӯм мегирифтаасту фишори хунаш сад будааст. Акнун маошаш сад шудаасту фишори хунаш дусад!


Дар яке аз вохӯриҳо бо адиб директори мактаб меҳмонро ба хонандагон чунин муаррифӣ кардааст:

-Имрӯз,бачаҳои азиз, ба мулоқоти мо нависандаи МӮЪТАДИЛи халқи тоҷик Раҳим Ҷалил ташриф овардаанд. Қарсак занед!

Аминҷон Шукӯҳӣ, ки дар толор паҳлӯи Раҳим Ҷалил менишастаанд, аз ин муқаддимаи директор хеле ба тааҷҷуб мондаанд:

-Аввалин бор мешунавам, ки Шумо мӯътадил будаед, муаллим. Пеш охир маъруф, маҳбуб, машҳур мегуфтанд.

-Ба ҳаминаш ҳам шукр!-хандиданд Раҳим Ҷалил. Дафъаи гузашта барин ШОДРАВОН гӯянд, чӣ кор мекардам?


Абдумалик Баҳорӣ (аз маҷаллаи “Хорпуштак”)