Шеъри ҳаҷвӣ – қувваи барқ (свет), Барки Точик – ОБИЧАШМБИЗНЕС

Бебарки, свет нест

Якчанд шеъри ҳаҷвӣ дар бори бебарқиву хунукиҳои зимистон меорем. Ёдовар мешавем, ки ҳар сол вақти сармо барқ нест мешавад, баҳона ҳам буридани дарахтону таъмир ва омодагӣ ба фасли сармо (дар моҳи январ) мебошад. Як кам дарди диламонро бо ҳамин шеърҳои ҳаҷвӣ барорем 🙂


НИМШУХИЮ НИМҶИДӢ… БАРОИ БЕБАРҚӢ, БА БАРҚИ ТОҶИК.

Мо зодагони шарқем,
Дар зимистон бебарқем.

Фасли хазон, ки омад,
Дар оби ҳасрат ғарқем.

Нархи барқай бист дирҳам,
Ба фикрашон ҳоло кам.

Мешавад нарх як сомон,
Нахуред дустонам ғам.

Дар маркази вилоят,
Корманди бе иноят.

Хомуш намуда барқро,
Магар ин нест ҷиноят?

Чаро дар худ пинҳонем?
Охир мо ҳам инсонем.

Бо худ ситеза дорем,
Ҳама дар тарси ҷонем.

Тамошо аз дур кунем,
Дидаҳора кур кунем,

Аз ҳисоби бебарқи,
Хазинаро пур кунем.

Гирифта дар даҳан об,
Суханро медиҳем тоб

Ҳар шаб мо пеш аз муҳлат,
Мекашем нақшаи хоб.

Хоҷа дар фикри хобаст,
Ҳар шаби у маҳтоб аст,

Барои Афғонистон,
Обанбор пури об аст!

Ҳақиқатро меҷуем,
Вале дуруғ мегуем.

Дар пеши хоҷаҳомон,
Мо мардуми тарсуем.

То ба кай “БАРҚИ ТОҶИК”?
Самти нигоҳат борик?

Афтону хезон равем,
Дар кӯчаҳои торик?

Бигу чанд соли дигар,
Мо шавем хунинҷигар.?

То кай ба шамъи чини,
Ба ҳам бисозем назар?

Доллар евра дар ҷайб аст,
Мардум туро дар ғайб аст.

Си сол шуд,ки бебарқем,
Як бор бигу ,ки айб аст.

Равем ба куҳу ҳомун
Монандаи ин маймун,

Такя ба Худо кунем,
То кай шавем ҷигархун?

Бади балад нагардад,
Дуо ҳам рад нагардад

Зора кунем Худойро,
Аз ин ҳам бад нагардад.


“Лаъли ноб андар Бадахшони ту ҳаст,
Барқи Сино дар кӯҳистони ту ҳаст”…

ОБИЧАШМБИЗНЕС
“На ин тақлид, он тақлид”

Бишнав аз ВАЙ чун ҳикоят мекунад,
Аз хунукиҳо шикоят мекунад,

К-ин замон боз барқро бубридаанд.
Бо нафир марду занон бигристаанд.

Обҳо ях бастаанд ҳамчун сумур,
Нарх боло мебарад соҳибкумур.

Кӯдакон бо чашмакони пур зи об,
Бар падарҳошон бигӯянд бо итоб:

Ҷои он депутати ақлан хароб,
Сандалиро менамудед интихоб…

Барқсолоре зи ҷой барҷасту гуфт:
Медиҳам бар омма доим барқи муфт.

Хонаю қасрам ҳанӯз ҳам нотамом,
Ҷои мошинҳо надорад ҳеҷ бом.

Чунки дар зулмот мондаст номи ман,
З-ин сабаб талх аст шаҳд дар коми ман.

Оби кӯлу чашмаҳо кам гаштааст,
Оби чашми одамон зам гаштааст.

Манфиат бояд гиред аз оби чашм,
Ҳарчӣ зудтар то наоям ман ба хашм.

Оби дида аз азал ҳаст талху шӯр,
Ҳам ҳамерезад он аз чашми кӯр,

Чун намак дорад оби дидагон,
Дар зимистон ях намебандад он.

Мардуми мо аз азал тарсончаканд,
Марду зан кӯдак барин гирёнчаканд.

“Гиря дорад ҷонакам аз гиря фарқ,
Талху шӯр аст гиряи мардуми шарқ”.

Гиря бисёр мекунанд бо ҳар сабаб,
Оби шӯрро сарф карда бесабаб.

Беҳтар бошад, ки мо он обро,
Манбаи хуби даромаднокро,

Обичашмбизнеси хуб ташкил кунем,
Бо ҳамин минуси як мушкил кунем.

Мушкилиҳо бешу оби чашм кам,
Гиряро бояд кунем бар гиря зам…

Як замоне Темури Ланг боитоб,
Аз хуни мардум бигардонд осиёб.

Бо ҳамин минвол дар Гиннес бимонд,
З-он китоб кулли бузургонро биронд.

Ман зи оби чашм ГЭС гардон кунам,
Ҳамаро бо ин амал ҳайрон кунам.

Пас худи Гиннес биёяд назди ман,
То ки аз зулмот барорад номи ман.

Аз шуъои номи ман ях об шавад,
Ях ки об шуд, кӯл ҳам сероб шавад.

Пас аз ин дунё чароғон мешавад,
Ҳам суруди ҷумламурғон мешавад.

Сандалиро гарм карда бо алав,
Ширбиринҷу шавлаю оши палав…

Карочи – резюме:

Оби Ому бо ҳама паҳноварӣ,
ГЭС-и моро ҷӯйбор ояд ҳаме…

Навбати баромади ман тамом. Нурулло Абдуллоев Соли 2010.
(Аз саҳифаи устод дар фейсбук)