Эй пул, агар ба ҷебакам оӣ (шеъри хачви)

пул нест
Аз маҷаллаи Хорпуштак
Эй пул, агар ба ҷебакам оӣ, чӣ мешавад,
Боре ба мо ту рӯй намоӣ, чӣ мешавад?!
Дар баҳри қарзи барқу газам ғӯтавар мудом,
Моро зи баҳри қарз рабоӣ, чӣ мешавад?!
Ҷон меканам зи субҳ ба шаб дар талоши ту,
“Бар чашми ман чу сурма дароӣ, чӣ мешавад?!”
То чанд ҳамчу хасм гурезӣ зи мо ба қаҳр,
Бо мо суруди сулҳ сароӣ, чӣ мешавад?!
Бечорагиву камбағалалӣ гӯй, то ба кай,
Эй ҷон, агар зи тан бибароӣ, чӣ мешавад?!
✒️Гурез Сафар