Харгӯше ба дӯкон даромада аз хирс пурсид:

Харгӯше ба дӯкон даромада аз хирс пурсид:

– Кофе доред?

– Не мо кофе намефурӯшем.

Рӯзи дигар харгӯш боз омад:

– Кофе доред?

– Надорем гуфтам-ку дирӯз!

Рӯзи сеюм ҳамин ҳолат боз такрор шуд. Хирс сахт дарғазаб шуда гуфт:

– Агар як бори дигар “кофе доред” гуфтӣ, аз гӯшҳоят мех зада ба девор меовезам!

Харгӯш аз тарс ду рӯз ба дӯкон наомад. Рӯзи сеюм ба дӯкон омада аз хирс пурсид:

– Мех доред?

– Не надорем.

– Набошад кофе доред?