Ҳамроҳи милисаи шиносе нишаста, қаҳва менӯшидем

Ҳамроҳи милисаи шиносе нишаста, қаҳва менӯшидем, ки қисмати чапи шикамамро дарди сахт фаро гирифт. Бо даст ҷои дардро сахт пахш карда, аз ӯ пурсидам:

–Ҳамин қисмати шикам хеле дард дорад. Лутфан бигӯ, ки дар инҷо чӣ қарор дорад?

–Ман аз куҷо донам, ман духтур нестам ку,- гуфт дар ҷавоб.

– О ту корманди корҳои дохила ку. Ту бояд кори ҳама узвҳои дохиларо донӣ.

Холиқназар Ҷумъазода