Ҳамкорон тасмими сафар ба Сафеддара . . .

Ҳамкорон тасмими сафар ба Сафеддара доштанд. Яке аз ман бо шӯхӣ пурсид:

-Ҳамроҳи мо ба Сафеддара меравед ё шумо ҳам аввал аз занак иҷозат мегиред?

Гуфтам:

-Ман мисли шумо занкалон нестам, ки аз занак иҷозат пурсам. Ман ҳар куҷо равам, фақат аз модар ҷавоб мегирам.

-Аз модари кӣ?,-пурсид бо табассум дуввумӣ.

-Аз модари бачаҳо.