
Нархи орду🍚равғану 🍶гӯшт🥩 арзон мешавад, агар қиммати инсон боло равад.
Дарди сар🤕 ҳама ҷо ёфт мешавад, аммо ҷойи кор👩💻 не🙅.
Келини👰 Занҷирбибӣ бори аввал ҷорӯбро ба даст гирифт, аҷабо.
Хайрият каллаҳоямон🙉 аз алюминий ё мис набудааст, вагарна мефурӯхтандаш.
Ғазаббибӣ тир🎯 дораду шир🥛 не. Аз гови 🐄 сершираш шир надидем.
Ба гӯсфанд🐑 характеристика 📄 доданд ва дар охири он навиштанд, ки: гӯшташ🥩 ҳалол, яъне хӯрдан мумкин аст.
Хурӯсро🐓 аз фермаи колхоз ронданд, зеро плани📑солонаи тухм🥚иҷро нашуд.
Вақтро ⏰ сарфа кунед ва бо як дидан ошиқ💏шавед.
Сари симчӯби телефонӣ☎️барои он болост, ки бо идораҳои боло алоқа📞 дорад.
Ӯ бо дег нишаста сиёҳ ⚫️ не, равғанӣ 🍶 шуд.
Тағояшро👴 асо карда, аз имтиҳон👩🎓 гузашт.
Дар автобус🚌 ҷавононро🧑нороҳат накунед, онҳо бобокалонҳои👴 ояндаи насли мо мебошанд.
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”