Шаб дарсҳои тайёркардаи писарчаамро тафтиш кардам. Вақте навбат ба дарси адабиёт расид, нахуст аз мавзӯъ пурсон шудам.
Гуфт:
-Мазмун ва мундариҷаи идеявии “Баҳориёт”-и Сайидои Насафӣ.
Гуфтам:
-Канӣ нақл кун. Дар “Баҳориёт” дар чӣ бора сухан меравад?
Гуфт:
-Дар “Баҳориёт” ҳайвонҳо “разбор” доранд, дада.