Ман хирси сафедро бо дастони худ буғӣ карда куштам …

Ду шикорчии лофчӣ сӯҳбат мекарданд. Якеаш гуфт:

— Ман хирси сафедро бо дастони худ буғӣ карда куштам.

Дуюмаш паст фаромадан нахоста гуфт:

— Дар бораи Баҳри Мурда шунидаӣ?

— Бале.

— Ҳамон баҳрро ман куштаам!