Латифаҳо дар бораи ДОНИШҶӮ – ДонишНоҷӯ

-Кори дипломиятро хонда намешавад-ку. Он бояд тавре навишта шавад, ки ҳатто бесаводтарин одам мантиқи онро дарк кунад.
-Мефаҳмам, профессор, аммо ҳайронам, ки пас чаро шумо онро дарк накардед?


Донишҷӯ бо оби дидаи шашқатор:
-Муаллимҷон охир ман сазовори баҳои «ду» нестам!
— Медонам, аммо чӣ илоҷ. Аз «ду» дида баҳои пастаре нест…


Донишҷӯ ба утоқи муаллими имтиҳонгиранда даромада аз сумкааш се шишаи арақро мебарорад ва рӯи миз гузошта мегӯяд:
-Ин се шишаро гиреду ба ман баҳои се гузоред.
Пpофессоp ба донишҷӯ нигариста:
— Ман дутоашро мегирам.


Ду ҳамсабақ баъди 10 соли хатми донишгоҳ вомехӯранд. Яке ба дигарӣ:
-Манижа, шунидам, ки ту дар почта кор мекунӣ ва ба мактубҳо тамға мегузорӣ. Ин кори якрангу дилгиркунунда аст…
-Не, Дилоромҷон! Хато мекунӣ, якранг нест! Ҳар рӯз санаи рӯз иваз мешавад!


Духтараке бо нозу карашма ба имтиҳон медарояд ва ба профессор мегӯяд:
— Профессорҷон! Ман барои аз санҷиш гузаштан ба тамоми кор розиям!
— Ба ҳама кор?
— Бале, ба ҳама кор!
— Ин хел бошад… рафта дарсҳоро хонед.


Аз сӯҳбати ду донишҷӯ:
-Дирӯз як китоб харидам, ки тарзи омода намудани хӯрокҳои зиёдро нишон додааст, аммо ростӣ чизе пухта натонистам. Ягон ретсепти шудание нест.
-Чаро?
-Медонӣ, ҳамаи ретсептҳо бо ҷумлаи «дегчаи тозаеро гирифта…» сар мешавад.


Муаллим ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб дода наметавонад мегӯяд:
— Гуш кун, се маротиба аст, ки туро аз санҷиш мегардонам. Барои чӣ намеомузӣ. Аз савод омухтан то ҳол касе намурдааст!
-Ман медонам муаллиму, аммо таваккал кардан чӣ лозим-а?