ДАР ОМАДИ ГАП #5 — ҳам хандаву ҳам фикр

муаллима, дарс мактаб ноз Хорпуштак
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”

ХОҲЕД, КИ…

…осуда бошед, бепул гардед.

…умри дароз бинед, кару кӯру гунг шавед.

…ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нашавед, корманди соҳаи савдо шавед.

…коратон барор гирад, гапи ҳамаро тасдиқ кунед.

…аз карда пушаймон нашавед, ҳаргиз аз рӯи маслиҳати ҳамсаратон амал накунед.

…шуморо ҳамеша ёд кунанд, қарз гиреду баргардонданашро ба қафо партоед.

…фишори хунатон баланд нашавад, бо нодон баҳс накунед.

…риштаи хешутаборӣ канда нашавад, ба касе пул қарз надиҳед.

…ба калонҳо писанд оед, лаҷоми забонатонро дар даст нигоҳ доред.

…тез-тез мукофотпулӣ гиред, ҳамеша кору дархости шахсиро иҷро кунед

Сафо Ҳалимӣ


МЕГӮЯНД, КИ…

…ба рӯзномаю маҷалла обуна шавед…ва аз идораи алоқа ҳафтае як маротиба гирифтанашро фаромӯш накунед.

…ҷавонони ҳозира тамоми сомонаҳои интернетиро медонанду доктору академикҳои худро, ки замоне дар интернат хонда буданд, намедонанд.

…зери ҳайкал ботантана гул мегузоранду пас онро мефурӯшанд.

…маҷлисҳои “панҷдақиқаина” ҳоло якуним соат давом мекунад.

Эгамназари Соҳибназар (Аз маҷаллаи “Хорпуштак”)