ДАР ОМАДИ ГАП #4 — ҳам хандаву ҳам фикр

Марду зан зану шавҳар Хорпуштак
Аз маҷаллаи “Хорпуштак”

Таҷрибааш самара дод: бемор бо дидани нархи хизматрасонӣ худ аз худ сиҳат шуд…

🤔

Дандонҳои зардро тиллоӣ кард, аммо бо ақли зангзада ҳеҷ кор карда натавонист…

🤔

“Кӯдакон ояндаи мо” мегӯянду аз аробакашии онҳо ҳаловат мебаранд…

🤔

Бо мошини “Ҷип” ва шиму костюми “импортни” ба гирифтани хайрия омад…

🤔

Аз шавҳар ҷудо шуда бошад ҳам, доир ба “устувории оила” хуб ҳарф мезанад…

🤔

Ишқи ҳақиқӣ аз киса вобаста будааст: ҳар қадар он ғафс бошад, қавитар мешудааст.

🤔 То табиби нодон намурд, бемор шифо наёфт…

🤔 Дар бозор ҳама чиз ёфт мешавад, ғайри инсоф…

🤔 Аз вартаи ишқ раҳо ёфта мешавад, аз алимент не…

🤔 Чунон хору зор шуд, ки барои худкушӣ арғамчин наёфт…

🤔 Ташвиши нафақабароиву талвосаи ҷонканӣ як чиз будааст…

🤔 Ӯ мусибат дошт: ҳамшаҳрияшро аз мансаб гирифта буданд…

🤔 Виҷдонашро фурӯхта, боз “ба виҷдонам” гуфта, савганд мехӯрад…

Аз маҷаллаи “Хорпуштак”