ГИЛАВУ ҶИНГИЛА
Барои ҳал кардани самбӯсаи🍪 хамираш сахти ошхонаи миллӣ доруи💊 “Мезим” низ мадад накард.
Баъзе тоҷирони беинсоф на аз пашша фил, балки аз фил🐘 пашша сохта, соҳиби манфиат💰гаштанд.
Тӯмори гарми домулло👳меҳри дили зану шавҳари ҷавонро💑 сард карда, ба яхбандӣ 🌨боис гашт.
Сутуни қасри🏰 қассобони беинсоф аз устухон аст.
Саодори мо, дар ҳақиқат офтоби коргоҳамон аст: ҳамеша дар назар ҷилвагар, вале дастнорас.
Арзи бемори бепулро ҳатто духтури гӯш гуш кардан намехоҳад.
Ҳама гуна вожаҳо ҳамқофия мешаванд, агар шоир мансабдор бошад.
Суруди дӯстдоштаи занам:
-Меравам, ҳаргиз намеоям дигар!
Суруди дӯстдоштаи ман:
-Рафтанду раванду боз оянду раванд